Пешниҳоди Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Аврупо

Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки баҳори соли 2008-ум нишасти навбатии сегонаи «Иттиҳодияи Аврупо-Осиёи Марказӣ» дар Душанбе бо ширкати вузарои умури хориҷӣ баргузор шавад. Дар мулоқоти ахири вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, стратегияи равотиби ин созмон бо Осиёи Марказӣ, бахусус дар ҳалли мушкилоти истифодаи оби рӯдҳои фаромарзӣ, энержӣ, амнияти минтақа ва дар маҷмӯъ ҳамгироии минтақаии кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан ҷониби Тоҷикистон аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хост, дар ҳалли мушкилоте, ки марзбонони тоҷик доранд, мусоидат кунанд. Ҳоло риштаи марзбонии Тоҷикистон аз камбуди фанноварии мувофиқ ва мутахассисони ҳирфаӣ азият мекашад.