Ҳамкории тиҷоратии Аврупо бо Ироқ густариш меёбад

Имруз Иттиҳодияи Аврупо ва мақомоти Ироқ дар Бруксел барои беҳбуди равобити тиҷоратии худ ба гуфтушунуд оғоз кардаанд. Қарор аст ин гуфтушунуд 29-уми ноябр ба поён расад. Дар он масоили энержӣ, зистмуҳитӣ, ҳуқуқи башар, амният ва масоили марбут ба аслиҳаи куштори ҷамъӣ баррасӣ мешавад.