200 миллион доллар - барои муқобила бо фалаҷ

Маъракаи ҷаҳонии мубориза бо полиомиелит ва ё фалаҷи атфол 200 миллион доллар кӯмак гирифт. Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки аз дарёфти ин кӯмак истиқбол кард, гуфт, ёрии мазкурро муассиси ширкати "Майкрософт" Билл Гейтс ва хадамоти башарии созмони "Ротари Интернешинал" ироа кардаанд. Дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт Маркарет Чан гуфт, ки маблағи мазкур барои рафъи комили фалаҷи кӯдакон ҳаётан зарур аст. Аз соли 1988 ба ин тараф ба шарофати барномаи вижаи масунияти кӯдакон аз ин беморӣ, дар саросари ҷаҳон мавридҳои гирифтории атфол ба фалаҷ 99 дар сад коҳиш ёфтааст. Аммо ҳанӯз ҳам нишонаҳое аз ин маризиро дар миёни кӯдакони Ҳинду Афғонистон, Покистон ва Нигерия дидан мумкин аст.