Регар дар аввалу Саройкамар дар охир

Бозиҳои даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар CSKA «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 1 : 0 пирӯзӣ ба даст овард.

«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар дастаи меҳмон - «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 6 : 1 ғолиб шуд. «Динамо»-и Душанбе дар майдони худ «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 4 : 0 шикаст дод. Бозии тими мизбон - «ХИМА»-и Душанбе бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Бад-ин тартиб, «Регар» ТадАЗ бо 48 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот қарор дорад. «Парвоз бо 45 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Ҳарду даста барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ талош меварзанд. Вале коршиносон бар ин назаранд, ки «Регар» ТадАЗ, бешак, боз соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот хоҳад шуд. Зеро ин даста, ки то ҳоло ба мағлубият дучор нашуда, дар ҳамаи 16 бозӣ пирӯз гардидааст, нисбат ба рақиби аслиаш – «Парвоз» ду бозӣ камтар анҷом дода, се хол зиёдтар ба даст овардааст.

Дастаҳои «Тоҷиктелеком» ва «Вахш» бо 34-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севвуму чаҳорум ва «ХИМА» бо 29 имтиёз дар ҷои панҷум қарор гирифтаанд. Ин дастаҳо муддаъиёни медалҳои биринҷии мусобиқот мебошанд. То анҷоми мусобиқот «Тоҷиктелеком» ҳамагӣ як бозӣ, «Вахш» ду бозӣ ва «ХИМА» се бозӣ анҷом хоҳанд дод. Аз байни ин се даста «Вахш» барои соҳиб шудан ба ҷоизаи севвуми мусобиқот шонси хубтар дорад.

Дар сабқати беҳтарин голзанҳои мусобиқот Нӯъмон Ҳакимов, бозигари тими «Парвоз» ба ҷои аввал баромад. Вай дар бозии охир ба дарвозаи «Гвардия» 3 гол зада, шумораи умумии голҳояшро ба 16 расонд. Аббос Абдуллоев («Регар» ТадАЗ) ва Сӯҳроб Ҳамидов(«ХИМА») 14-голӣ задаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот чунин аст: 1. «Регар» ТадАЗ – 48 имтиёз (16 бозӣ). 2. «Парвоз» - 45 (18). 3. «Тоҷиктелеком» - 34 (19). 4. «Вахш» - 34 (18). 5. «ХИМА» - 29 (17). 6. «Хуҷанд» - 25 (18). 7. «Динамо» - 22 (18). 8. CSKA – 22 (20). 9. «Энергетик» - 15 (18). 10. «Гвардия» - 6 (18). 11. «Саройкамар» - 6 (19).