Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз бояд бо раҳбарони Исроилу Фаластин мулоқоти рӯбарӯи ҷудогона доир кунад. Ин нишастҳо як рӯз пеш аз конфронси сулҳи Ховари Миёна дойир мешавад, ки ба фардо, 27 ноябр дар шаҳри Аннаполиси аёлати Мериланд таъйин шудааст. Дар изҳороти рӯзи якшанбе Буш гуфт, ки шахсан "ӯҳдадор аст" ба низои Фаластину Исроил хотима бахшида, аз ҷумла барои ташкили як давлати демократии Фаластин, ки дар шароити сулҳу амният дар канори Исроил арзи вуҷуд кунад, талош ба харҷ хоҳад дод. Як душмани қадимии Исроил - кишвари Сурия рӯзи якшанбе эълон кард, ки намояндаи худро барои ширкат дар ин ҳамоиш ба Амрико мефиристад.