Конфронси забони русӣ дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе конфаронси дурӯзаи байнулмилалӣ оид ба забони русӣ ба кори худ шурӯъ мекунад. Вазорати маорифи Тоҷикистон умед дорад, ки ин ҳамоиш барои такмили ихтисоси омӯзгорони забони русӣ дар макотиби ҳамагонии ин кишвар мусоидат мекунад. Дар ин конфаронс усулҳо ва барномаҳои нави таълими забони русӣ муаррифӣ мешаванд. Қарор аст вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов дар оғози ин нишаст пиромуни мушкилоти таълими забони русӣ дар макотиби Тоҷикистон ҳарф зананд. Яке аз мушкилоти умдаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бино ба бекорӣ дар Русия ҷӯёи кор мешаванд, маҳз надонистани забон гуфта мешавад.