Дирӯз дар Укроин аз қурбониёни гуруснагии солҳои сиюми қарни гузашта ёд оварданд. Дар як ҳамоиши бузург дар Киев Виктор Юшенко, раиси ҷумҳури Укроин гуруснагии солои 1932-1933-ро чун "қатли ом" ва "амали тарҳрезишуда" арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, бар асари барномаи ташкили колхозҳо дар шӯравии собиқ, ки татбиқи он соли 1932 шурӯъ шуд, дар Укроин аз 4 то 10 милион нафар ба ҳалокат расиданд.
Порлумони Укроин низ ин ҳодисаи 75 соли пешро "қатли ом" хондааст. Ва аммо Русия бо ин гуна арзёбии ҳаводиси солои сиюм розӣ нест.