Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тасмими Арабистони Саудӣ барои ширкат дар конфронси ҳафтаи оянда дар мавриди сулҳи Ховари Миёна ибрози хушнудӣ кард.
Вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Сауд Ал Файсал таъйид кард, ки дар конфронси ҳафтаи оянда дар шаҳри Аннаполис ҳузур хоҳад дошт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 40 кишварро ба конфронс даъват кардааст ва умедвор мебошад, ки дар ин ҳамойиш музокирот барои хотима додан ба муноқишаи шастсолаи миёни Исроил ва Фаластиниён шурӯъ мешавад.