Нишасти нахустини маҷлиси Украина

Барои нахустин бор баъди интихоботи парлумонии моҳи сентябри соли ҷорӣ имрӯз ҳайати нави маҷлиси Украина бояд нишасти худро баргузор кунад. Дар натиҷаи раъйдиҳӣ ду ҳизби умдае, ки Виктор Юшенкоро баъди инқилоби норанҷии се соли пеш сари қудрат овардаанд, бо фосилаи андак дар парлумон аксариятро ташкил медиҳанд. "Украинаи мо" ва ҳизби Юлия Тимошенко барои таъсиси эътилофи ҳукуматӣ тавофуқ карданд, аммо тибқи гузоришҳо, гумон аст, ки Юшенко розӣ шавад ин навбат ҳам курсии нахуствазириро дар ихтиёри Тимошенко вогузор кунад. Соли 2005 баъди ҳашт моҳи ба ин вазифа пазируфтани Юлия Тимошенко, Юшенко ӯро аз мақом барканор кардааст.