Имрӯз дар Душанбе ҳамоиши ҷавонон зери исми «Тоҷикистони рақамӣ» шурӯъ мешавад. Ҳадафи аслии ҳамоиши мазкур ҷалби ҷавонони эҷодкор ба коркард ва интихоби роҳҳои муассири истифодаи фанноварии иттилоотию мухобиротӣ барои рушди соҳаҳои омӯзишу парвариш ва саноати Тоҷикистон будааст. Дар кори ин нишаст зиёда аз 60 донишҷӯ, аспирант ва омӯзгорони ҷавони донишгоҳҳо ширкат варзида, пиромуни иситфодаи фанноварии иттилооотию мухобиротӣ табодули назар ва таҷриба мекунанд. Ҳамоиши ҷавонон бо пуштибонии молии намояндагии Ҷомеаи Бози Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва ду рӯз идома мекунад.