Боз як даъвои мухолифини Мушарраф рад шуд

Додгоҳи Олии Покистон охирин даъво ба интихоби дубораи президенти ин кишвар генерал Парвиз Мушаррафро рад кард. Додгоҳ дархости аз эътибор соқит намудани пирӯзии Мушарраф дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи гузаштаро беасос мехонад.

Раиси ҷумҳури Покистон гуфтааст, ки баъди савгандёдкунӣ аз мансаби сарфармондеҳи артиши Покистон истеъфо медиҳад. Аз ин пеш Додгоҳи Олии ҷонибдор аз раисиҷумҳур панҷ аризаи дигари мухолифат ба пирӯзии Мушаррафро рад карда буд.