Словакия ҷонибдори раҳбарии Қазоқистон дар САҲА

Словакия аз номзадии Қазоқистон барои раҳбарии даврии САҲА дар соли 2009 пуштибонӣ кард. Иван Гаспарович, раиси ҷумҳурии Словакия бо чунин изҳорот дар нишасти муштараки матбуотиаш бо раиси ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Братислава суханронӣ кард. Қазоқистон хостори раҳбарии САҲА дар ду соли дигар аст, аммо аксар аъзои 56-нафараи ин созмон Қазоқистонро барои кӯтаҳиҳо дар иҷрои муқаррароти демократии кишвар танқид мекунанд. Соли гузашта бо баҳонаи арзёбии пешравиҳои демократии Қазоқистон САҲА қарор кард, ки то 12 моҳи дигар тасмими интихоби раҳбари навро ба таъхир андозад.