Мaрғобиҳоро тоҷикӣ меомӯзонанд

Ба 30 хатмкардаи курси омузиши забони тоҷикӣ барои қирғиззабонҳои ноҳияи Мaрғоб маросими тақдими шаҳодатнома баргузор гардид.

Курси омузиши забони тоҷикӣ барои қирғиззабонҳо бо ибтикори мақомоти маҳаллии ноҳияи Мурғоб ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, дар марҳилаи аввал бо омузиш кормандони мақомоти маҳаллии ноҳия ҷалб шуданд.

Роҳбари курс, номзади илмҳои филология Азатшо Насриддиншоев гуфт, дар тули 6 моҳи омузиш аз усулҳои фаъолгардонии таълим ва воситаҳои аёнию тавсифӣ ба таври фаровон истифода шуда, хатмкунандагон малакаи муошират бо забони тоҷикӣ ва забони коргузории расмиро ҳосил карданд. Вай гуфт, ба дасти шунавандаҳои курс китобҳои махсуси забономузӣ, дода шуда, ҳамчунин, барои шунавандагон 24 кинофильм бо забони тоҷикӣ намоиш дода шуданд, муҳовара ва экскурсияҳо баргузор гардиданд.

Хадича Абдуқодирова, яке аз хатмкунандагони курс изҳор дошт, ки бо дарки зарурияти омузиши забони давлатӣ ва ширкати бештар дар ҳаёти сиёсии фарҳангии ҷумҳурӣ, қирғиззабонҳои ноҳия ба омузиши забони тоҷикӣ алоқамандӣ нишон медиҳанд.

Роҳбари курс гуфт, дар марҳилаи дуввум ба курси омузиши забони тоҷикӣ дар Мурғоб кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб мешаванд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ тасмим гирифтааст, ки то охири сол китоби таълимии омузиши забони тоҷикӣ барои қирғиззабонҳоро интишор бидиҳад.