Тайи 10 моҳи ахир аз манотиқи мухталифи Федератсияи Русия ҷасади 322 тоҷик ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Дар ин бора мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Гуфта мешавад, 61 нафари онҳо кушта шудаанд ва боқимонда дар натиҷаи бемориҳо, садамаҳо ва дигар фалокатҳо ҷони худро аз даст додаанд. Ба иттилоъи ҳамин манбаъ, шумори кушташудагони тоҷик дар Русия назар ба соли гузашта зиёд гаштааст.