Мақомоти Туркия мегӯянд, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои мусаллаҳони курди мустақар дар шимоли Ироқ аз ҳам чораҳои зарурӣ, аз ҷумла, истифода аз неруи низомӣ кор мегирад. Алӣ Бобоҷон – вазири хориҷаи Туркия дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел гуфт, ки ҳукумати Ироқ нияти неки худ барои қатъи ҳамлаҳои мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистонро иброз доштаанд, ва аммо, афзуд ӯ, барои ҳалли қазия фақат хоҳиши сиёсӣ кофӣ нест. Изҳороти Алӣ Бобоҷон чанд соат баъд аз он садо дод, ки Ҳушёр Зебарӣ, вазири хориҷаи Ироқ аз Анкара барои хештандорӣ ва сабурияш дар баробари ҳамлаҳои мусаллаҳони курд ситоиш кард.