Зангҳои воридотии мобилӣ ройгон мешавад, аммо...

Сар аз 1-уми декабри имсол тамоми зангҳои воридотӣ барои телефонҳои мобилӣ ройгон хоҳад шуд, аммо ҳаққи хидматрасонии ширкати «Тоҷиктелеком» - телефонҳои хонагӣ, то 8 маротиб меафзояд. Иттиҳодияи ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон аз ин тасмими мақомот истиқбол карда ва гуфтаанд, ҷорӣ шудани принсипи «ҳар касе занг мезанад, пулашро мепардозад» барои ғанисозии буҷаи кишвар мусоидат хоҳад кард. Барои мисол, агар соли гузашта молиёт аз даромади кори ширкатҳои мобилӣ 69 миллион долларро ташкил дод, имсол ин нишонидҳанда ба 120 миллион доллари амрикоӣ хоҳад расид. Дар ҳамин ҳол аз 1-уми декабр ширкати «Тоҷиктелеком» зангҳои содиротӣ ба телефонҳои мобилиро номумкин мекунад, то замоне ки муштариён қарордоди худ бо ин ширкатро бознигарӣ накунанд. Зеро аз моҳи оянда барои ҳар дақиқаи сӯҳбат аз тариқи телефонҳои шаҳрӣ ба мобилӣ 16-уним дирам бояд пардохт шавад. Ва аммо таруфаҳои дохили шабакаи «Тоҷиктелеком» тағйир нахоҳанд хӯрд.