Аврупо таҳримҳо болои Эронро афзоиш медиҳад

Имрӯз вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар як нишаст дар Брюссел мавзӯъи ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон барои сарпечии кишвар аз қатъи ғанисозиии ураниумро баррасӣ мекунанд. Ҳовиер Солана, узви раёсати Иттиҳодияи Аврупо қабл аз шурӯъи нишаст гуфт, ки кишварҳои аврпоӣ шояд Эронро барои мутаваққиф сохтани ғанисозии ураниум мутмаин кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Теҳрон барои мулоқот омода аст ва аммо "ин маънои онро надорад, ки ба думболи мулоқот гуфтушунид сурат мегирад". Ҳовиер Солана афзуд, ки "айни ҳол мо роҳ барои музокиротро ҳамвор мекунем".

Кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳида Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд. Ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад. Маҳмуди Аҳмадинажод - раиси ҷумҳури Эрон ҳама гуна талабҳо барои қатъи ғанисозии ураниумро рад мекунад.