Се рӯзи мотами миллии Украина

Дар пайи таркиши гази метан дар вилояти Донетски Украина, ки мунҷар ба марги 63 ангишткан ва нопадидшавии 37 тани дигар шудааст, се рӯзи мотами миллӣ эълон шуд. Мақомот мегӯянд, ки барои зинда пайдо кардани нафарони гумшуда умеди кам боқӣ мемонад. Имрӯз Виктор Юшенко бояд ба вилояти Донетск, барои аз наздик ошно шудан бо вазъ сафар кунад. Вай қаблан раиси ҳукумат Виктор Януковичро барои талоши камаш дар роҳи безарарсозии шароити кори ангиштканҳо танқид кард. Шурӯъ аз соли 1991-и касби истиқлолияти Украина, ин даҳшатноктарин ҳодисаи таркиши гази метан дар ин кишвар мебошад.