Додситонҳои Туркия парвандаи манъи фаъолияти ҳизби сиёсии тарафдори курдҳоро бо иттиҳоми ҷудоихоҳӣ шурӯъ карданд. Ҳизби ҷомеаи демократӣ ҳафтаи гузашта ба мухторияти курдҳои Туркия дар ҷанубушарқи ин кишвар даъват кард. Додситони кулли Туркия, Абдурраҳмон Ялҷинкая гуфт, чунин даъват ба истиқлолият ва якпорчагии кишвар латма мезанад. Парвандаи зидди ҳизби сиёсӣ дар ҳоле боз шудааст, ки Туркия таҳдид мекунад, барои саркӯбии ҷудоихоҳони Ҳизби коргари Курдистон ба шимоли Ироқ ҳамла карданист.