Қатли шаш нафар дар шаҳри Каркук

Дар натиҷаи таркиши як мошини бомбгузоришуда дар шаҳри саршор аз нафти Каркуки Ироқ шаш нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи пулиси Ироқ зоҳиран бомбгузори маргталаб мошини гаштзании раҳбари раёсати нерӯҳои зудамали шаҳрро ҳадаф гирифта буд. Бар асари инфиҷор ин афсари олирутба ҷароҳат бардоштааст. Дар айни ҳол низомиёни амрикоӣ эълом карданд, ки рӯзи чаҳоршанбе дар ноҳияи Диёло воқеъ дар шимолу ғарби Бағдод як сарбози Иёлоти Муттаҳидаро куштаанд. Низомиёни амрикоӣ имрӯз ҳамчунин гуфтанд, дар амалиёти аввалҳои ҳамин ҳафта дар наздикиҳои шаҳри Бағдод 25 шӯриширо нобуд карданд.