Эҳтимоли даст доштани Украина дар амалиёти ОМИ

Як қонунгузори Иттиҳодияи Аврупо гуфт, вай шаҳодати онро дорад, ки Украина аз ҷониби Оҷонсии марказии истихборот (ОМИ) барои интиқоли боздоштшудаҳо истифода шудааст. Ҷовани Фава гуфт, он чи ки ӯ дар назар дорад, ин аст, ки ҳукумати Украина дар як санад ба ҳавопаймоҳои Оҷонсии марказии истихборот 5 дафъа дар моҳи августи соли 2005 иҷоза додаст, ки дар замини ин кишвар фуруд оянд. Оқои Фава афзуд, ки тибқи иттилои ӯ, ҳавопаймои ин оҷонс чанде пеш барои интиқоли як рӯҳонии мисрӣ бо исми Абу Умар истифода шудааст. Ин шахс аз Милани Итолиё рабуда шуда дар Миср фуруд омадааст ва дар ин ҷо ин шахс мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Қонунгузори Иттиҳодияи Аврупо афзуд, ки вай мехоҳад бифаҳмад, ки оё ин ҳавопаймо аз пойгоҳи низомии Украина ҳам истифода кардааст ё на. Дар ҳамин ҳол, дар сӯҳбат бо хабаргузории Ассошейтед Пресс, вазири дифои Украина Анатолий Гритсенко иттиҳомоти Ҷовани Фаваро рад карда бепояву асос хондааст. Сухангӯи Оҷонсии марказии истихборот нахост дар ин замина шарҳе бидиҳад. То имрӯз Оҷонсии марказии истихборот барои роҳандозии зиндонҳои махфии муттаҳамони терроризм дар қаламрави Лаҳистону Руминия айбдор шудааст.