Ахиран нирӯҳои ИМ ва Ироқ дар пайи як амалиёти дарозмуддат дар ҷануби Бағдод 15 муттаҳами узви Ал-Қоидаро ба ҳалокат расониданд. Низомиёни амрикойӣ гуфтанд, ки задухӯрд дар мавзеи Адвания, як шаҳре дар наздикиҳои дарёи Тиқрит дар 20-километрии Бағдод рух дод. Ҷангиён болои посгоҳҳое ҳамла карданд, ки аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ бунёд шуда батозагӣ ҳамкориро бо нирӯҳои амрикойӣ шурӯъ кардаанд. Дар ҷараёни ин даргирӣ, ҳавопаймои ҷангии Эф-16 ду бомбаи 500-килоиро ба ин минтақа партоб кард. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин афрод дар пайи задухӯрдҳои заминӣ ба ҳалокат расидаанд ва ё ҳадафи бомба қарор гирифтанд.