25 қурбонии нав дар Афғонистон

Ду сарбози нирӯҳои НАТО ва як тарҷумони афғони онҳо бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ ҷони худро аз даст доданд. Дар маҷмӯъ дар Афғонистон дар пайи ду ҳодисаи ҷудогона ахиран 22 нафар ба ҳалокат расиданд, ки аксарашон афроди мулкӣ буданд. Таркише, ки мунҷар ба ҳалокати сарбозони НАТО шуд, дар шарқи ин кишвар - наздикии марз бо Покистон рух дод ва шумори куллии қурбониёнро аз ҳисоби сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон тайи ҳафтаи гузашта ба 11 нафар расонд. НАТО аз гуфтани ҳуввияти сарбозони кушташуда парҳез мекунад. Нирӯҳои таҳти раҳбарии ИМА гуфтанд, ки дар вулусволии Гармсери вилояти ҷанубии Ҳилманд рӯзи якшанбе дар пайи як амалиёт се мулкӣ ва 15 ҷангӣ ҷони худро аз даст доданд.