Мухолифини Гурҷистон дар масъалаи таъйини номзади воҳиди интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки бояд дар таърихи 5 январи соли оянда дойир шавад, дучори ихтилофи назар шуданд. Раҳбарияти эътилофи мухолифин, ки ҳафтаи гузашта даст ба тазоҳурот зада бо полис вориди даргирӣ шуданд, дирӯз шом аз номзадии як соҳибкор ва вакили парлумон Леван Гачечиладзе пуштибонӣ карданд. Ва тибқи хабарҳои ахир, ҳизби коргари Гурҷистон аз ҳайати эътилоф берун шуда, гуфтааст, ки номзади худ - Шалва Нателашвилиро ба интихобот пешбарӣ мекунад. Як мухолифи дигари президент Михайил Саакашвилӣ - соҳибкор Бадрӣ Патаркатсишвилӣ ҳам гуфт, ки вай ният дорад барои курсии раёсатҷумҳурӣ мубориза барад.