Барои соҳилбандӣ як миллион доллар ихтисос шуд

Ҳукумати Тоҷикистон барои соҳилбандии рӯдхонаҳои минтақаи Кӯлоби устони Хатлон як миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Гуфта мешавад, сеяки ин маблағ барои устувор кардани соҳилҳои рӯд дар ноҳияи Восеъ, ки осебпазиру ҷое тахриб гардидаанд, ҷудо шудааст. Маболиғи боқимонда ба навоҳии Мӯъминобод, Темурмалик, Ховалинг ва Кӯлоб равона шудаанд. Феълан кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба соҳилбандии рӯдҳои Теболай ва Ёхсу машғул будаанд, ки асосан аз миёнҷои мавзеъҳои аҳолинишин ва заминҳои кишт мегузаранд ва хатари бештар доштаанд.