Эътилофи мухолифини Гурҷистон имрӯз Левон Гачечиладзе, тоҷир ва вакили порлумони кишварро номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ кард. Левон Гачечиладзе аз ширкаткунандагони фаъоли гирдиҳамоии ахири мухолифин бо талаби истеъфои раиси ҷумҳур Михаил Саакашвилӣ буд. Эътилофи мухолифини гурҷӣ изҳор намуд, ки дар сурати пирӯзии Гачечиладзе дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ курсии сарвазирро Саломе Зурабашвилӣ - раҳбари ҳизби “Роҳи Гурҷистон” ва собиқ вазири умури хориҷаи кишвар ишғол хоҳад кард.
Интизор меравад, интихоботи раҳбари Гурҷистон рӯзи 5 январи соли оянда баргузор шавад. Дар ин бора Михаил Саакашвилӣ баъд аз саркӯб шудани намоишҳои эътирозии мухолифин ва эълони вазъи фавқулодда дар кишвар тасмим гирифт.