Нашрияи “Ҷумҳурии исломӣ” чопи Теҳрон феҳрасти нишонаҳои рафтори бадахлоқонаро нашр кард, ки аз сӯи пулиси Эрон мураттаб шудааст. Тибқи он кормандони пулис метавонанд шаҳрвандонро барои рангубор ва ороиши чеҳра, мӯзаҳои пошнабаланд, шимҳои кӯтоҳ ва тамошои филмҳои, ба истилоҳ, фаҳш, ба маҳкама бикашанд.
Имсол пулиси Эрон маъракаи мубориза барои ахлоқи ҳамидаро аз сар гирифт ва акнун аз шабнишиниҳои махфии ҷавононро ҷилавгирӣ карда маҳвораҳои телевизиониро мусодира менамояд ва то куҷо мутобиқи шариат либос пӯшидани раҳгузарҳоро назорат мекунад.