Бҳутто ба тазоҳурот даъват мекунад

Беназир Бҳутто – сарвазири пешини Покистон аз шаҳрвандони кишвар хост, ки ба намоиши эътирозӣ алайҳи вазъи фавқулодда дар кишвар ҳамроҳ шаванд. Ин даъват дар арафаи шурӯъи намоише садо дод, ки интизор меравад дар он ҳазорон нафар ширкат ва аз Лаҳор то Исломобод раҳпаймоӣ кунанд. Ширкаткунандагони намоиш талаб хоҳанд кард, ки раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф аз маснади фармондеҳи артиш канор равад ва вазъи фавқулодда дар кишварро аз байн бардорад. Мақомоти Покистон қаблан ҳушдор дода буданд, ки ба ягон намоиши эътирозӣ иҷоза нахоҳанд дод.

Имрӯз мухолифин бори дигар аз Парвиз Мушарраф талаб карданд, ки дар арафаи интихоботи порлумонӣ вазъи фавқулоддаро лағв кунад. Дирӯз раиси ҷумҳури Покистон эълом дошт, ки интихобот ба порлумон рӯзи 9 январи соли оянда баргузор мешавад ва аммо аз ошкор кардани рӯзи лағви вазъи фавқулодда худдорӣ намуд. Раҳбари эътилофи аҳзоби исломӣ Лаёқат Балуч гуфт, ки "вазъи фавқулодда доир шудани интихоботи озоду одилона ба порлумонро зери суол мебарад".