Беморхонаҳои водии Рашт бе барқ мондаанд

Дар ҳоле, ки дар деҳоти водии Рашт кайҳост реҷаи маҳдуди панҷсоатаи барқ ҷорист, тайи рӯзҳои ахир дар марказҳои ноҳияҳои минтақа низ барқ рӯзона ба куллӣ қатъ мешавад, ки рӯзгори мардумро сахт мушкил сохтааст.

Катъшавии барқ дар марказҳои навоҳии Рашт аз ҳама бештар барои муассисоти беҳдоштӣ, бахусус беморхонаҳо, мушкилиҳо эҷод кардааст. Ба гуфтаи кормандони беморхонаи марказии Рашт , ба иллати бебарқӣ дар беморхона ташхиси рентгениву лабараторӣ сурат намегирад ва амалиётҳои ҷарроҳӣ барои замони номаълум мутаваққиф гузошта шудаанд.

Тибқи иттилоъи масъулини шабакаҳои барқдиҳии минтақа, қатъшавии барқ давоми се рӯзи ахир дар марказҳои ноҳияҳои водӣ маънои ҷоришавии реҷаи нави барқдиҳиро надорад ва ин қатъшавӣ ба таъмири як хати баландшиддати интиқоли барқ аз нерӯгоҳи Норак ба водӣ рабт дорад.

Аммо дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносони минтақа мегуянд, ки чунин ҳодисаҳои қатъи рӯзонаи барқ дар марокизи навоҳии водӣ бори нахуст нест, балки солҳои пешин ҳам бо оғози фасли сармо додани баққ ба аҳолии марказҳои ноҳияҳо коҳиш меёфт.

Ҳамзамон як сокини ҷамоъати Тагоба, ки худро Самардин муъаррифӣ кард, гуфт, дар деҳот ҳам аз меъёри муқарраршуда, ки дар ҷамъ 5 соат эълон шудааст, барқ камтар дода мешавад. Вай мегуяд, мо бо шунидани хабар дар бораи он, ки имсол Тоҷикистон аз давлати ҳамсояи Туркманистон барқ харидорӣ хоҳад кард ва барқ зиёд хоҳад шуд, хурсандӣ доштем, вале баръакс барқ камтар шуд.

Ба гуфтаи сокинони деҳоти зилзилазадаи ноҳияи Рашт, ки тибқи дастури раисҷумҳури Тоҷикистон бояд бидуни реҷа бо барқ таъмин мешуданд, дар ин деҳот низ барқ бо реҷа дода мешавад.