Ҳамдилии ИМА ва Олмон дар мавриди Эрон

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва кантслери Олмон Ангела Меркел мувофиқат кардаанд, ки дар ҳалли бӯҳрони марбути барномаи ҳаставии Эрон аз васоили дипломатӣ кор гиранд.

Дар нишасти муштараки ду раҳбар дар аёлати Тексас президенти ИМА гуфт, мардуми Эрон бояд фаҳманд, ки ИМА ба мерос, анъана ва нерӯи мардуми Эронро эҳтиром дорад, вале ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ онҳоро аз ояндаи дурахшон маҳрум менамояд.

Меркел иброз дошт, ки ҳанӯз тамоми имконоти дипломатии ҳалли бӯҳрон истифода нашудааст, вале саркашии Эрон аз қатъи ғанигардонии уран, ки метавонад заминаи тавлиди бомбаи ҳаставӣ шавад, зарурати тавсеаи таҳрими Эронро дар миён хоҳад гузошт.

Пешбинӣ мешавад, ки моҳи равон ҳайъатҳои Олмон ва панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти СММ, яъне ИМА, Русия, Чин, Британия ва Фаронса барои арзёбии гузориши Агентии байналмилалии нерӯи ҳаставӣ дар масъалаи ҳамкории Эрон бо ин ниҳоди СММ ҷамъ мешаванд.