Рӯзи якшанбе Паоло Серҷио Пинейро коршиноси ҳуқуқи башари СММ бо даъвати ҳокимони низомии Мянмар ба ин кишвар сафар кард. Боздиди ӯ аз Мянмар дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки мақомоти ин кишвар аз тақдими раводиди сафар ба гузоришгари ҳуқуқи башари СММ худдорӣ карданд. Пинейро вазъи ҳуқуқи башар дар Мянмар дар паи таъқиби хунини гирдиҳамоиҳои эътирозии зери раҳбарии роҳибони будоиро, ки дар моҳи сентябр барпо шуда буданд, таҳқиқ мекунад.