Синамогарони Итолиё ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба созиш расиданд, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ як филми ҳунарӣ ба навор гиранд. Андешаи бардоштани чунин филм солҳост, сари забонҳо буд, аммо танҳо акнун бо дарёфти сармояи баробар ба 25 миллион доллар иҷрои он имконпазир гаштааст. Маъракаҳои имсол, ки аз тарафи Юнеско Соли байнулмилалии Мавлоно эълон шудааст, ба тасмими синамогарон таъсири муайян доштааст. Чунончи, ба муносибати соли Мавлоно дар даҳҳо кишвари ҷаҳон, ба шумули Итолиё шабҳои илмию адабӣ ва ҳунарӣ барпо шудаанд. Сарони ширкатҳои синамоии Итолиё ва Имороти Муттаҳидаи Араб наворгирии филм дар бораи Мавлоноро ба коргардони ҳиндустонӣ Музаффар Алӣ супурданд. Бахши асосии филм дар Туркия ба навор бардошта хоҳад шуд.