Ҳукумати Покистон ба се хабарнигори рӯзномаи бритониёии "Дейли Телеграф" барои хориҷ шудан аз кишвар 72 соат вақт дод. Мақомот онҳоро дар истифода аз забони таҳқиромез дар муносибат ба мамлакат ва сарони он айбдор карданд. Исамбард Вилкинсон, Коллин Фримен ва Даниел Макелрой аввалин журналистоне мебошанд, ки пас аз эълони вазъи фавқулодда аз тарафи президенти Покистон, генерал Парвиз Мушарраф, аз кишвар ихроҷ мешаванд. Ноиби вазири иттилооти Покистон Тариқ Азим гуфт, онҳо барои мақолаҳое ронда мешаванд, ки ба шарафи раҳбарони кишвар номуносибанд. Вай аз мақолаҳои муайяне ном набурд.