Бҳутто аз ҳабси хонагӣ озод шуд

Як корманди аршади Вазорати умури дохилии Покистон мегӯяд, мақомоти ин кишвар раҳбари мухолифон Беназир Бҳутторо аз ҳабси хонагӣ озод кардаанд. Буҳтто қарор буд, дирӯз дар раҳпаймоии зидди вазъияти фавқулодда дар Равалпиндӣ ширкат мекард, аммо нирӯҳои амниятии Покистон манзили ӯро дар Исломобод ба муҳосира гирифта, ба хориҷ шуданаш монеъ гаштанд. Полис гуфт, бо мақсадҳои амниятӣ даст ба чунин иқдом задааст. Дабири Вазорати умури дохилии Покистон, Камол Шоҳ мегӯяд, дастури муоҳсираи манзили Бҳутто бекор карда шуд.