Имруз яке аз додгоҳҳои ноҳиявии шаҳри Алмаато муҳокимаи парвандаи Роҳат Алиев-домоди собиқи Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қақоқистонро оғоз кард. Алиев барои одамрубоӣ, ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва фаъолиятҳои ғайримуҷози молӣ муттаҳам дониста мешавад. Парвандаи Алнур Мусоев-раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон низ ба ин додгоҳ пешниҳод шудааст. Роҳат Алиев ҳоло дар Вена ба сар мебарад ва муҳокимаи додгоҳӣ дар ғиёбӣ вай сурат мегирад.