Дар натиҷаи инфиҷоре дар назди хонаи Амин Муқом-вазири умури сиёсии Покистон чаҳор нафар кушта шудаанд. Дар ин бора телвизюни давлатии Покистон хабар додааст. Бино ба гузоришҳо, Амин Муқом дар ин инфиҷор осеб надидааст. Муқом, ки ҳамчунин раиси Ҳизби Исломӣ дар минтақа аст, мегуяд, ду нафари кушташуда афроди амниятии вай ё ҷондоронаш будаанд. Асламхон-як мақоми пулиси маҳаллӣ гуфтааст, дастикам се нафари дигар дар ин инфиҷор маҷруҳ шудаанд.