Имруз пулиси Покистон Беназир Бҳутто-нахуствазири собиқ ва раҳбари мухолифони давлатро иҷоза надод дар Исломобод аз хонааш берун равад. Қаблан сухангуи ҳизби вай гуфт, ки хонум Бҳутто дар ҳабси хонагӣ нест, вале пулис хонаи вайро муҳосира кардааст. Пулис ҳамчунин боғеро дар наздикии шаҳри Равалпиндӣ ба муҳосира даровардааст. Бҳутто ва ҷонибдоронаш ба нақша гирифта буданд, ки дар он ҷо нахустин раҳпаймоӣ дар рузҳои вазъи фавқулоддаро анҷом диҳанд. Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳур 3-юми ноябр дар Покистон вазъи фавқулодда ҷорӣ кард. Аммо 8-уми ноябр эълон кард, ки дар Покистон интихоботи миллӣ қабл аз 15-уми феврал баргузор хоҳад шуд. Хонум Бҳутто мегуяд, Мушарраф бояд тадбири бештаре анҷом диҳад. Ба гуфтаи вай, раҳоии ҳуқуқдонон аз зиндонҳо аз ҷумлаи чунин тадобирест.