Ҳаводиси Гурҷистон дар расонаҳои Тоҷикистон

Ҳафтаномаҳо ва нашрияҳои Тоҷикистон ба таҳавулоти сиёсӣ дар Гурҷистон таваҷҷуҳи зиёде накардаанд. Ва агар назаре ҳам карда бошанд, бо такя ба нашрияҳо ва оҷонсиҳои иттилоотии Русия кардаанд.

«Азия-Плюс» - ҳафтаномаи русизабони мустақил таҳти унвони «Инқилоби бидуни бутерброд» аз қавли Газета.ру овардааст, ки дар давраи ҳукумати Саакашвилӣ дар Тифлис бузургтарин ҳамоиши сиёсӣ алайҳи ӯ идома дорад,

Дар васати ин мақола акси Саакашвилӣ бо кулоҳ ва муйлаби Ҳитлер ҳамроҳ бо нишонаи чалипои фашистӣ низ ҷой дода шудааст. Яке аз лидерони мухолифини Саакашвилӣ гуфтааст, президенти Гурҷистон пешвои миллӣ нест, барои он ки ӯ ҷосуси хориҷист ва бигзор ба Ҳолланд бираваду гулфурушӣ кунад.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» - нашрияи дигари мустақили чопи Душанбе бо ишора ба теъдоди зиёди мардум дар майдон гуфтааст, дар соли 2003 ҳангоми инқилоби садбаргӣ ба тарафдории Саакашвилӣ ҳамин шумори мардум ҷамъ омада буданд.

Дар ҳамин навишта омадааст, бо ин ҳама, аз нигоҳи таҳлилгарони маҳаллӣ, мавҷи эътирозгарон баёнгари буҳрони ҷиддии сиёсӣ дар Гурҷистон нест, зеро Саакашвилӣ аз пуштибонии аксари мардум бархурдор аст.

Ва аммо дар ҳафтаномаҳо ва нашрияҳои расмии Тоҷикистон роҷеъ ба таҳаввулоти Тифлис баррасӣ ё тафсир ва ё хабари хос ба табъ нарасидааст. Шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ гузоришҳои шабакаҳои телевизиони Русияро истифода мекунанд.

Оҷонсии хабаргузории «Азия – Плюс» дар шумораи ахири худ бо нашри як хабар гуфтааст, Саакашвилӣ бо ҷорӣ кардани вазъи фавқулодда дар кишвараш Русияро дар печида кардани вазъи Гурҷистон гунаҳкор донистааст. Ин хабарро ҳам «Азия – Плюс» аз хабаргузории Риа Новостии Русия нақли қавл кардааст.