Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии мухолифони ҳукумати Гурҷистон


Тазоҳурот дар баробари бинои порлумони Гурҷистон
Тазоҳурот дар баробари бинои порлумони Гурҷистон

Тақрибан 40 000 нафар аз ҷонибдорони аҳзоби мухолифи ҳукумати ин кишвар ба нишони эътироз аз ҳукумати Саакашвилй ба майдон баромаданд.

Гирдиҳамомадагон аз раисиҷумҳур Михаил Саакашвили талаб доранд, ки дар мавриди баргузор шудан ё нашудани интихоботи зудҳангоми порлумонӣ посух диҳад. Онҳо ҳамчунин ба ҳайъати Кумисюни марказии интихоботи Гурҷистон шомил кардани намояндагони ҳама нерӯҳои сиёсии кишварро тақозо доранд.

Георгий Хаиндрава, яке аз раҳбарони мухолифин ва собиқ вазири ҳукумати Гурҷистон, дар суханрониаш, аз ҷумла, изҳор намуд, ки «мухолифин ҳадафи аз курсии раисиҷумҳур канор андохтани Михаил Саакашвилиро надоранд». Ӯ ҳамчунин гуфт: «Мо масъалаи дар муҳлати муқарраркардаи Қонуни асосӣ баргузор кардани интихоботи озоду демократиро ба миён мегузорем, яъне интихоботи порлумонӣ дар баҳори соли ояндаро».

Намоиши эътирозӣ аз сӯи аҳзоби начандон бузурги кишвар, ки намояндагонашон дар эътилофи мавсум ба Шӯрои миллӣ гирд омадаанд, созмон ёфтааст ва идомаи он гирдиҳамоиҳои эътирозии мухолифин аст, ки моҳи сентябр баъд аз ҳабси собиқ вазири дифоъ Ираклий Окруашвилӣ шурӯъ шуда буданд.

Ираклий Окруашвилӣ он замон раисиҷумҳур Михаил Саакашвили ва атрофиёни ӯро дар фасод ва даст доштан дар марги сарвазири собиқи Гурҷистон Зураб Жвания айбдор карда буд, Пас аз ин мақомоти кишвар ин иттиҳомро рад намуда, худи ӯро боздошт карданд, вале баъди онки Окруашвилӣ иттиҳомоти ироъанамудаашро бозпас гирифт ва 6 миллион доллар низ ҳамчун гаравпулӣ пардохт намуд, аз маҳбас озод шуд ва ахиран Гурҷистонро ҳам тарк гуфт.

Гуфта мешавад, бештари ширкаткунандагони ин гирдиҳамоӣ сокинони ҳама манотиқи Гурҷистонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз онҳо иддаъои баста будани роҳҳо сӯи пойтахтро намуданд. Ба таъйиди ин тазоҳуркунандагон, мошинҳои аз минтақаҳо ба пойтахт ҳаракаткунанда аз сӯи пулис пайваста тафтиш мешуданд.

Раҳбарони мухолифин мегӯянд, ки бо вуҷуди монеаҳо дар роҳ то ҳудуди 100 ҳазор нафар сокинони кишвар дар Тбилисӣ ҷамъ хоҳанд омад – 4 сол пеш ҳангоми «инқилоби садбаргӣ», ки бар асари он раисиҷумҳури феълӣ Михаил Саакашвили сари қудрат омад, дар пойтахт тақрибан ҳамин теъдод эътирозгарон ҷамъ омада буданд.

Гига Бакирия, узви порлумон аз Ҷунбиши Миллии пуштибон аз раисиҷумҳур Саакашвилӣ, ки дар гирдиҳамоии дирӯзаи мухолифин ҳузур дошт, мегӯяд, ки мақомоти кишвар набояд дар роҳи эътирозҳои мардумӣ монеа эҷод кунанд. Ӯ ҳамчунин гуфт:

«Гурҷистон кишвари демократист ва баргузории гирдиҳамоӣ дар инҷо як амри воқеъист».

Бо ин ҳама, аз нигоҳи таҳлилгарони маҳаллӣ, мавҷи эътирозҳои мухолифин намоишгари буҳрони ҷиддии сиёсӣ дар кишвар нест, зеро раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ аз пуштибонии аксари мардум бархурдор аст. Ва аммо раисиҷумҳур бори аввал бо чунин имтиҳони ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад.

XS
SM
MD
LG