Эълони вазъияти фавқулодда дар Гурҷистон

Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ аввал дар Тифлис вазъи фавқулодда эълон кард, сипас ин дастур ба тамоми кишвар барои 15 рўз рабт дода шуд.

Эълони аввал пас аз задурхўрдҳои нируҳои вижаи Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон ва тазоҳуркунандагон дар маркази Тифлис ва захмӣ шудани зиёда аз 500 нафар дар шоми 7 ноябр садо дод. Тибқи он ҳама гуна гирдиҳамоиву даъватҳои оммавй, аз ҷумла ба воситаи расонаҳои ахбор мамнуъ гашт. Нахуствазири Гурҷистон Зуроб Нуғайделӣ дар шарҳи ин дастури Саакашвилӣ гуфт, ин як чораи зарурист, ки барои ҳифзи субот ва амнияти шаҳрвандон гирифта шудааст. Худи президент дар паёми телевизионияш ба мардуми Гурҷистон гуфт, полис вазифаи худро иҷро мекунад, онгуна ки дар ҳар кишвари демократӣ роиҷ аст. Вай аз чанд мамлакати Аврупо ном бурд. Саакашвилӣ инчунин изҳор дошт, ки мақомоти баландпояи Маскав дар ҳодисаҳои ахири кишвараш даст доранд ва инро пинҳон накарда, аз тариқи расонаҳои ахбори ом иқрор кардаанд. Вай барои намуна аз суханрониҳои вазири умури берунаи Русия Сергей Лавров ва раиси Шурои Федерсиюни Русия Сергей Миронов мисол овард ва онҳоро дар ҳавасмандгардонии мухолифони давлаташ айбдор кард.

Вазири умури хориҷии Русия Лавров соате пеш гуфт, ончӣ дар Гурҷистон ба амал меояд, кори дохилии ин кишвар аст, аммо Маскав аз он нигаронӣ дорад, ки чунин вазъият ба ҳалли низоъҳои марбут ба Абхазия ва Осетияро печидатар хоҳад кард. Вай мақомоти Тифлисро айбдор кард, ки талош доранд, ин муноқишаҳоро бо истифода аз ниру ҳал кунанд.

Тақрибан баъд аз як соати эълон шудани вазъияти фавқулодда дар Тифлис, вазири иқтисодиёти Гурҷистон хабар дод, ки президент муқаррароти ҳолати изтирориро ба саросаи кишвар густариш дода, муҳлати онро 15 руз муайян кардааст.

Cарони мухолифон ин амали ҳукуматро шадидан танқид карданд ва гуфтанд, ба зуроварии тарафи муқобил посух хоҳанд дод. Тибқи хабарҳо фаъолияти чанд расонаи ахбори ом, чунончи нашароти ду шабакаи телевизионии мустақили Гурҷистон, "Имеди-TV" ва "Кавкасия-TV" қатъ шудааст.

Тибқи хабари дигар Тифлис тасмим гирифт, се корманди Сафорати Русия дар Гурчитсонро бо иттиҳоми фаъолиятҳои ғайридипломатӣ аз Гурҷистон хориҷ кунад. Маскав гуфт, дар посухи ин амал вокуниши ҳамсонро омода мекунад.