Боздошти шаҳрванди Узбакистон бо 150 кило симоб

Як шаҳрванди Узбакистон ҳангоми қочоқи миқдори бузурги симоби моеъ дар вилояти Суғд аз ҷониби кормандони интизомӣ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи Фирӯз Боқӣ, сухангӯи раёсати умури дохилаи Суғд, кормандони интизомӣ дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар минтақаи наздисарҳадии Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ аз як сокини вилояти Тошканди Узбакистон бо номи Усмон Зиёмиддинов беш аз 149 кило симоби софи моеъро дар 10 зарфи пластик ошкор ва мусодира кардаанд.

Ба гуфтаи масъулини идораи умури дохилаи Суғд, эҳтимол қочоқгар мехост симобро ба Узбакистон интиқол диҳад. Аммо ӯ чӣ тавр ва аз куҷо тавонист бо роҳи ғайриқонунӣ миқдори бузурги симобро ба даст оварад, дар ин бора кормандони интизомӣ чизе нагуфтанд.

Мирзобек Мирзобадалов, мутахассиси бахши саноат дар Хуҷанд, гуфт, бо назардошти он, ки аслан дар Осиёи Марказӣ танҳо ду корхонаи истеҳсоли симоб вуҷуд дорад, яъне корхонаҳои Анзоби Тоҷикистон ва Қадамҷои Қирғизистон, ба гумони ғолиб, симоби қочоқии мусодирагардида низ ба яке аз ин ду корхона тааллуқ дорад.

Вале аз он ҷо ки танҳо корхонаи Қадамҷои Қирғизистон ба истеҳсоли симоби софи моеъ ихтисос дорад, эҳтимол дорад, симоби қочоқӣ низ моли ин корхона бошад ва, ба гуфтаи оқои Мирзобадалов, эҳтимол дорад, қочоқгарони симоб онро ба хотири фурӯш дар бозори сиёҳ ва ё ба ягон корхонаи санъатӣ ба даст оварда бошанд.

Симоби моеъ як моддаи дорои аҳамияти стратегӣ ба ҳисоб меравад. Дар корхонаҳои саноатӣ он чун ашёи таҷзия ва софкунандаи фулузоти қиматбаҳо, аз ҷумла шустани тилло, ба истифода меравад. Аммо ба гуфтаи мутахассисин, эҳтимоли корбурди симоб барои сохтани силоҳҳои дорои аҳамияти стратегӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва ё кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ зиёд нест, зеро ин кишварҳо корхонаҳо ва тавоноии сохтани ин гуна силоҳҳоро надоранд.

Масъулини идораи умури дохилаи Суғд мегӯянд, ҳарсола дар вилояти Суғд даҳҳо тан афрод зимни тиҷорати ғайриқонунӣ бо садҳо кило симоб мавриди боздошт қарор мегиранд.