Мақомоти Туркия қонунеро, ки озодиҳои шаҳрвандӣ ва матбуотро маҳдуд мекунад, таҷдиди назар хоҳад кард. Меҳмет Алӣ Саҳин – вазири адлияи Туркия имрӯз гуфт, ки ҳукумат ба ин қонун тағйирот ворид кардааст ва тарҳи нав рӯзҳои наздик ба порлумон ироа хоҳад шуд. Тибқи қонун дар бораи тавҳини миллат дар Туркия чандин нафар маҳкум ба зиндон шуданд, аз ҷумла, онҳое, ки аз ҳукумат барои расман эътироф накардани қатли оми арманиҳо аз сӯи туркҳои усмонӣ интиқод мекарданд.
Иттиҳодияи Аврупо Анкараро чандин бор барои татбиқи кунди ислоҳот танқид карда буд. Татбиқи ислоҳот, аз ҷумла, таъмини озодии комили матбуот аз шартҳои аслии шурӯъи музокирот оид ба вуруди эҳтимолии Туркия ба Иттиҳодияи Аврупост.