Доман густурдани фаъолияти гуруҳи Толибон дар Афғонистон ва ахиран анҷоми амали террористӣ дар шимоли ин кишвар, ки ба марзҳои Тоҷикистон наздикӣ дорад, баҳси амнияти минтақа ва таъсири авзои Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояро дар маҳофили мухталифи Тоҷикистон низ ташдид кардааст. Ба эътиқоди бисёре аз коршиносон, афзоиши фаъолияти Толибон дар дохили Афғонистон метавонад боиси таҳарруки бештари гуруҳҳои тундрав дар кишварҳои ҳамсоя бишавад.
Раҳматулло Абдуллоев - таҳлилгари маркази мутолеъоти минтақаии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба таърихчаи зуҳури Толибон, (яъне аввал аз ҷануб ва баъд дар шимол) мегуяд, нигаронии кишварҳои ҳамсоя ва хоса Тоҷикистон воқеист.
Дар ҳамин ҳол, коршиноси мустақил Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, ташаннуҷи бештари авзои Афғонистон ба гуруҳҳои қочоқии маводи мухаддир имкони фаъолият ва ба даст овардани суди бештар ва афзоиши қочоқ тавассути марзҳои Тоҷикистонро медиҳад, ки дар навбати худ, боиси икмол ва таъмини молии бештари гуруҳҳои тундрав ва фаъолтар шудани онҳо хоҳад шуд.
Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода - таҳлилгари маркази «Диалог» ба ин назар аст, ки нируҳои Толибон агарчанд ба сурати мустақим ба амният ва суботи ҳамсояҳо таъсиргузор наметавонад бошад, имкони истифодаи ин гуруҳҳои тундрав ба унвони асбоби таъсиргузорӣ аз суи қудратҳои фароминтақаӣ вуҷуд дорад, ки он гоҳ метавонад ба субот ва амният таҳдид кунад.
Густариши доманаи фаъолияти Толибон дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки нируҳои Эътилофи байналмилалии зидди террор ва нируҳои НАТО ба манзури кумак ба таъмини амният дар Афғонистон аз шаш соли пеш то кунун дар ин кишвар ҳузур доранд. Аз коршиносон мепурсам, густариши фаъолияти Толибон бо вуҷуди ҳузури ин нируҳо ва муқоовимати онҳо ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ далел дорад? Ин нируҳо дар баробари Толибон дар воқеъ эҳсоси заъф мекунанд ва ё зиёд моил ба мубориза бо Толибон нестанд?
Раҳматулло Абдуллоев, ки таҷрибаи ҷанги Шӯравӣ бо Афғонистонро низ дорад, мегуяд, ин нируҳо барои контроли саддарсади авзо қодир нестанд ва танҳо маҳали истиқрори худро метавонанд дидбонӣ кунанд. Мисли ҳузури нируҳои Шӯравӣ дар Афғонистон.
Аммо Қосими Бекмуҳаммад ақида дорад, ки дар ҷилавгирӣ аз густариши фаъолияти Толибон ҷанг танҳо гузина ва василаи муассир нест ва барои таъмини субот дар Афғонистон кишварҳои ғарбӣ ва Амрико ба сурати ҷиддитаре бояд бо Русия, Чин, Эрон ва Покистон ва ҳамсояҳои дигари Афғонистон бо услуби ҷадиде дари музокираро боз кунанд.
Аммо бо таваҷҷуҳ ба наҳваи инкишофи ҳаводис ва хоса инфиҷороти ахир дар шимоли Афғонистон ва таҳавуллот дар Покистон ва гироиши равобити байналмилал соҳибназарони умур ин эҳтимолро медиҳанд, ки авзои Афғонистон метавонад бештар аз ин ҳам ташаннуҷ касб кунад.
Изҳори нигаронии фиристодаи Тоҷикистон дар СММ он ҳам аз номи кишварҳои узви Созмони Шанхай ба ақидаи коршиносон дар ҳамин росто қобили арзёбист.