5-уми ноябр ҳангоми суханронии худ аз номи Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) дар иҷлосияи Маҷмаъи кулли СММ С. Аслов ӯ аз кишварҳои узви ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ даъват намуд, ки ба ҳиркати сохторҳои ҳукуматии Афғонистон роҳ надиҳанд ва сарчашмаҳои таъмини моддии онҳоро масдуд созанд.
«Махсусан афзоиши бесобиқаи истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддира, ки маблағи аз фурӯши он ба дастомада ба хариди силоҳ равона мегардад, ташвишовар аст», - аз ҷумла гуфт сафир.
С. Аслов даъват кард, ки фаъолияти зиддитеррористӣ натанҳо дар ҳудуди Афғонистон, балки дар атрофи он низ бо роҳи аз ҷониби СММ ва кишварҳои бо Афғонистон ҳаммарз ташкил кардани сохторҳо ё, ба истилоҳ, «камарбандҳои амниятӣ»-и моддӣ ва зиддитеррористӣ бештар гардад. Намояндаи доимии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамаи аъзои СҲШ ин пешниҳодро дастгирӣ менамоянд. Ӯ ёдовар шуд, ки дар инкишофи ин фикр Маскав даъват кардааст, то қисмҳои иктишофи моддӣ низ ба ин кор ҳамроҳ карда шаванд.
Аслов ҳамчунин дар бораи зарурати афзудани мусаллаҳсозии артиши миллии Афғонистон таъкид намуд, то ин давлат тавонад амнияти мардуми худро мустақилона таъмин созад. Дар ҳамин ҳол сафири Тоҷикистон ишора кард, ки барои рафъи ҳама масоил дар ин кишвар танҳо як чораи низомӣ басанда нест ва даъват ба амал овард, ки тамаркуз бештар ба эҳёи иқтисоди Афғонистон равона карда шавад.
Сироҷиддин Аслов ҳамчунин мутазаккир шуд, ки кишварҳои узви СҲШ феълан дар амалисозии як қатор лоиҳаҳои оид ба эҳёи сохторҳои энерживу нақлиётӣ ва иҷтимоъии Афғонистон иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, дар декабри соли 2004 СҲШ дар Маҷмаъи кулли СММ мақоми нозирро дарёфт намуда буд ва ин ба созмон, ки ба ҳайъати он ба ғайр аз Тоҷикистон ҳамчунин Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон дохил мешаванд, ҳуқуқ медиҳад, то дар дар кори ин мақоми СММ ширкат варзад.