Мақомоти Гурҷистон дирӯз таҳдид карданд, ки собиқ вазири дифои ин кишвар Иракли Окруашвилӣ, ки раиси ҷумҳурӣ Михайил Саакашвилиро дар ришвату фасод муттаҳам кард, мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор хоҳанд дод. Дар ҳамин ҳол, дар пойтахт шаҳри Тифлис мухолифини эътирозгар рӯзи панҷуми гирдиҳамоии худро пушти сар карданд. Мухолифин Саакашвилиро дар фасод ва сиёсати худкома айбдор мекунанд. Президент даъватҳои онҳоро барои истеъфо ва баргузории интихоботи пеш аз вақти парлумонӣ рад кардааст.