Интихоботи Покистон шояд ба як сол мутаваққиф шавад

Нахуствазири Покистон Шавкат Азиз гуфт, ки интихоботи ба моҳи январ таъйиншуда ба хотири ҷоришавии ҳолати изтирорӣ дар Покистон эҳтимол дорад то як соли дигар мавқуф гузошта шавад.

Оқои Азиз гуфт, ки дар шароити изтирорӣ, мӯҳлати фаъолияти парлумон, ки мебоист моҳи ҷорӣ анҷом шавад, метавонад барои як соли дигар тамдид шавад.

Вай инчунин гуфт, ки шурӯъ аз рӯзи шанбе, замони ҷоришавии ҳолати изтирорӣ, дар саросари кишвар то 500 ҳодисаи боздошт ба қайд гирифта шудааст.

Мақомот гуфтанд, ки дар миёни дастгиршудаҳо мухолифин, фаъолони ҳуқуқи башар ва ҳуқуқшиносон мебошад.