Ҷангҷӯён дар ду пойгоҳи полиси Покистон

Ҷангҷӯён иддао доранд, ки дар минтақаи шимолу ғарбии Своти Покистон ду пойгоҳи полисро ба тасарруфи худ даровардаанд. То ҳанӯз мақомоти Покистон ин иттилоъро ташреҳ надодаанд.

Сар аз ҳафтаи гузашта дараи Свот ба майдони бархӯрди нерӯҳои ҳукумати Покистон ва ҳаводорони як рӯҳонии тундгаро табдил ёфтааст. Ҷангҷӯён мехоҳанд дар Свот шариати исломиро ҷорӣ намоянд.

Як рӯз пеш ҷангҷӯён дар мазҳари ом 48 асирро намоиш дода, сипас онҳоро раҳо намуданд. Тибқи хабарҳо асирон аъзои гурӯҳҳои нимаҳарбӣ мебошанд, ки дар ҷараёни бархӯрдҳо ба ҷангҷӯён таслим шудаанд.