Тақаллуб дар таъмини неруҳои амрикоӣ

Дар Иёлоти Муттаҳида як комиссиюни мустақили низомӣ аз системи таъминоти неруҳои низомӣ дар Ироқ ва Афғонистон интиқод кард. Комиссиюн далелҳои зиёди тақаллубкорӣ ва харҷи беҳуда зимни татбиқи созишномаҳои миллиарддолариро ошкор сохт ва ҳамчунин ба натиҷае расид, ки дар раванди бастани ин созишномаҳо мутахассисони варзида ширкат надоштанд.

Роберт Гейтс – вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида изҳор кард, ки аз натиҷагириҳои комиссиюн сахт нигарон аст ва ба тавсияҳои он ҳатман гӯш хоҳад дод.