Дар Тоҷикистон барои бори аввал сафҳакалид ва ё клавиатураи компютерӣ бо ҳарфҳои тоҷикӣ ба фурӯш баромадааст. Ба гуфтаи корманди Академияи инженерии Тоҷикистон Баҳор Эркаев, истеҳсоли сафҳакалиди тоҷикӣ дар Чин бо фармоиши як ширкати тоҷикистонӣ таҳти унвони «Рушд Мултимедиа» ба роҳ монда шудааст.
Клавиатураи нав дорои се ҳуруф, яъне кириллии тоҷикӣ, кириллии русӣ ва лотинӣ, мебошад ва кор бо матнҳои тоҷикӣ дар компютерро хеле осон мекунад.