"Агроинвестбонк"-и Тоҷикистон тасмим гирифтааст, системаи додани қарз тибқи қонунҳои шариати исломиро ҷорӣ созад. Муҳиба Маҳмадҷонова, сардори идораи ин бонк оид ба маркетинг ва робита бо ҷомеъа, гуфт, «Агроинвестбонк» бо Бонки исломии рушд дар ин робита шартнома бастааст ва дар рӯзҳои наздик ба додани қарзҳо аз рӯи қонунҳои шариат оғоз хоҳад кард.
Гуфта мешавад, фарқи қарздиҳӣ тибқи қонунҳои шариат аз системаи маъмулӣ дар он аст, ки бонк бо додани чунин қарз фоизи онро талаб намекунад.